КОНФЕРЕНСИЯИ ЉУМЊУРИЯВИИ ИЛМИЮ АМАЛЇ дар мавзўи «МУШКИЛОТИ МУТОБИЌШАВИИ ОРГАНИЗМИ ОДАМ ВА ЊАЙВОНОТ БА ТАЪСИРИ ОМИЛЊОИ ГУНОГУНИ ЭКОЛОГЇ» бахшида ба 85-солагии зодрўзи академики АИКТ, арбоби илм ва техникаи Тољикистон, д.и.б., профессор САФАРОВ ЊАБИБ МУРОДОВИЧ бахшида шудааст.

84

                                       САФАРОВ ЊАБИБ МУРОДОВИЧ 20. 06. 1937 дар шањраки Ховалинги ноњияи Ховалинг таваллуд шудааст. Солњои 1956-1962 донишљўи факултети биологияи ДДТ ба номи В.И. Ленин, соли 1962 лаборанти калони кафедраи физиологияи одам ва њайвонот, соли 1963 ассистенти кафедра ва солњои 1964-1967 аспиранти ДДТ буд. Солњои 1968-1970 ба њайси муаллими калони кафедра фаъолият карда, соли 1971 рисолаи номзадиро дар мавзуи «Маводњо оиди дарки фазо дар хазандагон» бо муваффаќият дифоъ намуд.  Солњои 1972-1984 дотсенти кафедра, 1972-1977 љонишини декан оид ба таълим, солњои 1977-1994 вазифаи декани факултети биологияи ДДТ, соли 1994 муовини аввали ректори ДДТ ва аз соли 1995 то 2001 ректори  ДДМТ фаъолият намудааст. 
Соли 1983 рисолаи докториро дар мавзуи «Ба таври ќиёсї омўзиши фаъолияти олии асаби хазандагон» дар шањри Санкт Петербург дифоъ намуда, аз соли 1985 профессори кафедраи физиологияи одам ва њайвоноти ДДТ, ва аз соли 1992 то лањзаи охири умр (2006) вазифаи мудири кафедраи физиологияи одам ва њайвоноти факултети биологияи ДДМТ-ро ба ўњда дошт. 

Рушди нумуи кафедра аз роњбари олими намоён, яке аз аввалин доктори соњаи физиологияи одам ва њайвонот ибтидо гирифта, дар ин давра кафедра хеле фаъолиятиташро мустањкам намуд.
Њабиб Муродович Сафаров дар давраи ректории Донишгоњи давлатї фаъолият кардан, њамзамон раиси Шўрои ректорони мактабњои олии Тољикистон, соли 1996 академики Академияи байналмиллалии мактабњои олї, 1996-2001 узви Коллегияи Вазорати маорифи љумњурии Тољикистон, 1994 узви вобаста ва соли 1998 узви пайвастаи Академики академияи илмњои кишоварзии Тољикистон интихоб шуд.
Дар тўли фаъолияти кории худ, проблемаи тадќиќоти илми физиологияи тољикро оиди ба таври ќиёсї омўзиши функсияњои физиологии организмро дар конфронсњо, симпозиумњо, анљуманњои љумњуриявї ва байналмиллалї муаррифи намудааст. Тањти роњбарии Сафаров Њабиб Муродович 11 – рисолаи номзадї, 2-рисолаи докторї, зиёда аз 180 маќолањои илмї ва китобу монографияњо чоп шудаанд.
Инчунин хизматњои академик Њ.М. Сафаровро ба назар гирифта ўро аъзои президиуми љамъиятии физиологњои умумииттифоќии ба номи И.П. Павлов интихоб намуданд.
Хизматњои Њабиб Муродовичро дар рушди маориф Њукумати Љумњурии Тољикистон ба инобат гирифта, бо «Аълочии маорифи Тољикистон», медалњои «Мењнати Шоён», «Ветерани мењнат» ва бо чандин ифтихорномањо ќадрдонї намуда, њамзамон, Президенти мамкалат Асосгузори сулњу вањдати миллї, Пешвои миллат Эмомали Рањмон Њ.М. Сафаровро бо фармони худ бо унвони баланди «Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тољикистон» сарфароз гардонидааст.